Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарнишини ҳавопаймои суқуткарда шаҳрванди Тоҷикистон буд


Сарнишини ҳавопаймои АН-24, ки се рӯз пеш дар Афғонистон суқут карда буд, шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дошт. Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости дар сафорати Русия дар Кобул иттилоъ доданд. Сарнишин Александр Деймуров дар ширкати афғонии Pamir Airways, тибқи қарордод кор мекард.
Ҳавопаймои АН-24, ки аз вилояти Қундуз сӯи Кобул парвоз мекард, бар асари вазъи номусоиди ҳаво дар наздикиҳои гарданаи Соланг суқут кард. Дар ҳавопаймо 44 мусофиру сарнишин, аз ҷумла, ҳашт шаҳрванди хориҷӣ, ҳузур доштанд. Ҷойи суқути ҳавопаймо ду рӯз баъд аз ҳодиса тавассути сарнишинҳои чархболи нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон ошкор шуд. Ва аммо то ҳол ягон гурӯҳи наҷотбахш барои расидан ба он ҷо муваффақ нашудааст.
XS
SM
MD
LG