Пайвандҳои дастрасӣ

Модарони сайёҳони боздоштшуда ба Теҳрон омаданд


Модарони се сайёҳи боздоштшудаи амрикоӣ ахиран вориди Теҳрон шуданд. Дар ин бора шоми гузашта телевизиони давлатии Эрон хабар дод. Аз ин пеш мақомоти Эрон ба онҳо барои дидору гуфтугӯ бо фарзандҳояшон иҷоза дода буданд. Интизор меравад, ки модарон бо намояндагони ҳукумати Эрон мулоқот хоҳанд кард.
Се шаҳрванди ИМА - ду писар ва як духтар, моҳи июли соли гузашта дар марзи Эрон бо вилояти Курдистони Ироқ бо гумони ҷосусӣ боздошт шуда буданд ва аммо алайҳи онҳо расман иттиҳоме эълон нашудааст. Сайёҳони амрикоӣ иттиҳоми ҷосусиро рад мекунанд ва мегӯянд, ки иштибоҳан вориди қаламрави Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG