Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон гузаргоҳҳо бо Қирғизистонро боз мекунад


Имрӯз Қазоқистон гузаргоҳҳои марзияш бо Қирғизистонро аз нав боз мекунад. Дар изҳороти вазорати умури хориҷаи Қазоқистон гуфта шудааст, ки назорат дар ин гузаргоҳҳо шадидтар хоҳад шуд. Гузаргоҳҳои марзӣ миёни Қазоқистону Қирғизистон моҳи апрел, баъди шурӯъи нооромиҳо дар Бишкек, баста шуданд. Марзи баста боиси коҳиши бесобиқаи табодули молу коло дар Қирғизистон гардид. Ҳукумати муваққати Қирғизистон изҳор намуд, ки агар вазъ тағйир наёбад, кишварро нооромиҳои нави табақаҳои гуногун интизор аст.
XS
SM
MD
LG