Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ҷалолобод вазъи фавқулода ҷорӣ шуд


Мақомоти ҳукумати муваққатии Қирғизистон дар шаҳри Ҷалолобод вазъи фавқулода эълон карданд. Дар ҷараёни тазроҳуроти имрӯз дар ин шаҳр ду нафар кушта, 50 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ҳукумати муваққатӣ эъломияе мунташир ва дар он гуфтааст, ки вазъи фавқулода аз имрӯз то 1-ӯми июн давом хоҳад кард. Дар чаҳорчӯбаи вазъи фавқулода аз соати 8-и шом то соати 6-и субҳ қуюди шабгардӣ ҷорӣ мешавад. Фармонро дар бораи ҷорӣ кардани вазъи фавқулода Роза Отунбоева-раиси ҳукумати муваққатӣ имзо кардааст. Вай дар вокуниш ба нооромиҳои имрӯзи шаҳри Ҷалолобод гуфт, ки нируҳо контроли вазъро дар ин шаҳр дар даст доранд:

"Ман мехоҳам шуморо мутмаин созам, ки мо вазъро назорат мекунем ва ҳамаи нируҳои зарурӣ ба он сафарбар шудаанд".


Баъд аз он, ки тазоҳуркунандагони қирғиз талош карданд, донишгоҳи "Дӯстии халқҳо"-ро дар шаҳри Ҷалолобод ба тасарруфи худ дароранд, задухӯрд ба амал омад. Ин донишгоҳро Қодирҷон Батиров-тоҷири узбактабори Ҷалолобод таъсис додааст. Тақрибан 5000 нафар қирғизҳо ба сӯи ин донишгоҳ санг мепартофтанд, тирезаҳоро мешикастанд ва талош доштанд ин донишгоҳро ба тасарруфи худ дароранд. Пулис ба ҳаво оташ кушод ва саъй мекард тазоҳуркунандагонро пароканда кунад.
Қабл аз он тазоҳуркунандагон раҳпаймоӣ анҷом доданд ва тақозо карданд, ки Қодирҷон Батиров-раҳбари ақалияти узбак боздошт шавад, зеро вай бо дархостҳои худ дар бораи ташкили минтақаи худмухтори узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон хусумати қавмиро дар минтақа бар меангезад.

XS
SM
MD
LG