Пайвандҳои дастрасӣ

Дурӣ аз модар, ба хотири саломатӣ


Сабринаи 4-сола, ки бо ашки чашм мегуфт, модарашро пазмон шудааст, 6 моҳ боз дур аз ӯ, дар осоишгоҳи кӯдаконаи Кулоб ба сар мебарад.

Аммо ба ин осоишгоҳ вай на барои истироҳат, балки ба хотири ҷилавгирӣ аз ибтило ба сил ва муолиҷа ёфтани модараш оварда шудааст. Осоишгоҳи мазкур дар назди маркази зидди бемории сили Кӯлоб қарор дорад ва дар он имрӯз мисли Сабрина беш аз 20 тифли дигар нигоҳубин мешаванд.

Шаш моҳи дур аз модар

Моҳира Талабова, духтури осоишгоҳи кӯдаконаи назди маркази муборизаи зидди бемориҳои сил, мегӯяд, атфоле, ки дар ин осоишгоҳ нигоҳ дошта мешаванд, ҳама солиманд, вале ба хотири пешгирӣ аз бемории сил ва дур будан аз волидони маризашон ,тӯли 6 моҳ, яъне то замони муолиҷа ёфтани падару модарони худ дар ин ҷо ба сар мебаранд.

Дар тӯли ин муддат модарони беморе, ки нисбатан муолиҷа ёфтаанд метавонанд бо кӯдаконашон дидорбинӣ кунанд. Вале онҳое, ки бемориашон дар ҳоли хуруҷ аст, ин имконро надоранд.

Ба гуфтаи масъулини осоишгоҳ, ба муҳлати тӯлонӣ дур будан аз волидон барои ин кӯдакони хурдсол мушкил аст, бинобар ин, ба хотири хуш гузаронидани вақт, бо онҳо машғулиятҳои мухталифи фароғатӣ ва ҳамчунин омӯзишӣ гузаронида мешавад. Аммо, ба ҳар сурат, ба қавли духтур ва корманди осоишгоҳ Моҳира Талабова, имрӯз осоишгоҳ барои истироҳату нигоҳубини хуби кӯдакон он имконотеро надорад, ки замони Шӯравӣ дошт.

Осоишгоҳ беҳтар ё беморхона?

Осоишгоҳ имкони фарогирии ҳудуди 50 тифли модаронашон мубтало ба силро дорад, аммо, ба гуфтаи масъулин, муроҷиат ба осоишгоҳ чандон зиёд нест. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба қавли Раҳматулло Ҷураев, раҳбари маркази зидди бемории сил дар Кулоб, дар таи 3 моҳи ахир шумори беморони сил беш аз 30 нафар афзудааст.

Оқои Ҷураев мегӯяд, бо вуҷуди ба роҳ мондани барномаҳои ҷадиди фаҳмондадиҳӣ, ба хотири кам кардани хатари гузариши бемории сил аз волидон ба атфол, боз ҳам мушоҳида мешавад, ки бархе аз модарон дар ин самт аз эҳтиёт кам кор мегиранд, ки дар натиҷа боиси на ба осоишгоҳи кӯдакона, балки ҳамчун бемор ба шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи сил интиқол ёфтани атфол мешавад. Имрӯз, дар ин шӯъба 24 атфоли мубтало ба бемории сил табобат мегиранд.

Чӣ бояд кард?

Тафовути аслии муолиҷаи беморони хурдсоли сил аз афроди калонсол дар кам будани андозаи давоҳо аст ва ба гуфтаи табибон, бо сабаби пасттар будани масунияти бадан, кӯдакон ин бемориро мушкилтар пушти сар мекунанд. Бинобар ин, ба қавли Раҳматулло Ҷураев, бояд ба хотири ҷилавгирии кӯдакон аз сироят ба бемории сил боз ҳам аз роҳҳои муассиртаре кор гирифт.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳамчунин, бояд фаъолияти осоишгоҳҳои кӯдаконаи назди марказҳои мубориза бо бемории силро дар навоҳии мухталифи кишвар беҳтар кард, чун, гуфта мешавад, бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аксари чунин осоишгоҳҳо ҳам қариб аз фаъолият бозмонда, имкони хуби пешгирӣ аз беморӣ ва нигоҳубини фарзандони афроди мубтало ба бемории силро надоранд.

Тибқи иттилои маркази ҷумҳуриявии зидди сил, то соли 2009 дар кишвар ҳудуди 5 ҳазор фарди мубтало ба бемории сил ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин миён 500 нафарашон кӯдакону наврасонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG