Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи Амрико ба озодии дин дар Тоҷикистон


Рашод Ҳусейн, фиристодаи вижаи Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Созмони конфронси исломӣ, рӯзи 19-уми май бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот кард.

ИМА риояи ҳуқуқи мусалмононро мехоҳад

Рашод Ҳусейн, ки ба манзури ширкат дар иҷлоси Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви СКИ дар Душанбе ба сар мебарад, бар риояти ҳуқуқу озодиҳои диниву мазҳабӣ дар кишварҳои узви ин созмон, ба хусус дар Тоҷикистон таъкид кардааст.

Фиристодаи вижаи Барак Обама гуфт, он сиёсате, ки Амрико дар Тоҷикистон пиёда месозад, ба хотири таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ба хусус мусалмонон, ки 97 дарсади ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд, мебошад.

Соли гузашта баъди тасвиби қонуни нави дин дар Тоҷикистон комиссияи байналмилалии озодии дини ИМА ин санадро маҳдудкунанда номидаву, ҳатто як ҳайатеро ҳам ба хотири арзёбии ин масъала ба Тоҷикистон фиристода буд.

Ягона кишвар бо ҳизби исломӣ

Аммо Фаррух Умаров, коршиноси Маркази мутолеоти стратегӣ, ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бар ин аст, ки ҳукумат дар доираи қавонин озодиҳои динии шаҳрвандонашро таъмин кардааст.

Ҷаноби Умаров онро низ таъкид кард, ки Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки ҳизби динии сиёсӣ, ҳизби назҳати исломӣ вуҷуд дорад. Ӯ ҳамчунин аз таъсиси Кумитаи ҷадиди дини назди ҳукумат ёдовар шуд, ки метавонад, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиро миёни дунявият ва ҷомеаи динии Тоҷикистонро танзим кунад.

Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо он ки аз густариши эътиқодоти динии сокинон ва майли давлат ба ин арса тақдир мекунад, вале, мегӯяд, қонуни ҷадиди дин маҳдудиятҳоеро ба бор овардааст. Оқои Ҳусайнӣ маҳдудиятҳо дар намозгузорӣ, монеагузорӣ дар пӯшиши ҳиҷоб, мушкилоти таълими диниро ҳамчун намуна мисол овард.

Дар «рӯйхати сиёҳ»

Дар гузориши Комиссияи байнулмилалии озодии дини ИМА Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳое ворид шудааст, ки ҳукуматҳои онҳо дар нақзи шадиди озодиҳои диниву мазҳабӣ даст доранд ва бояд «мавриди таваҷҷӯҳи хосса» қарор бигиранд. Дар ин гузориш низ ба вижа ба маҳдудиятҳои ба истилоҳ «шадид» -и қонуни нави дин ишора шудааст.

Муаллифони гузориш авлавият додан ба мазҳаби ҳанафия, сабти масоҷид аз рӯи шумори сокинони маҳал, дахолати давлат ба ҳангоми интихоби имомхатибҳо, иҷозаи намозгузорӣ танҳо дар масҷид, ҷои зист ва қабристонро аз бандҳои мушкилзои ин қонун номидаанд.

Комиссия ҳамчунин аз он нигаронӣ кардааст, ки намояндагони давлат, аз ҷумла аъзои Кумитаи амният, масҷидҳоро дар саросари Тоҷикистон назорат мекунанд. Ашхоси расмӣ ҷашнҳои арусӣ ва маросимҳои дафнро низ тибқи қонун дар бораи танзими расму оинҳо таҳти назорат қарор додаанд. Ягона муассисаи олии таҳсилоти динии ин кишвар - Донишгоҳи исломӣ, ки қаблан мустақил буд, давлатӣ шудааст ва ҳукумат онро зери идораи Вазорати маориф қарор додааст.

Аз сӯи дигар, ба таъкиди комиссияи озодии дини Амрико дар оғози соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фирқаи Салафия ва адабиёти салафиро дар кишвар манъ кард. Комиссияи амрикоӣ мегӯяд, ин дар ҳолест, ки ягон нафар мусалмони салафӣ дар Тоҷикистон ба содир кардани кирдори ҷиноӣ муттаҳам дониста нашудааст ва мақомот танҳо тахмин мезананд, ки салафиён метавонанд дар оянда зиёновар шаванд.

Аз сӯи дигар, комиссияи озодии дин бо ишора ба манъи равияи Шоҳидони Яҳво ва баҳси калисои Грейс Сунмин, соли гузаштаро барои ақаллиятҳои мазҳабии Тоҷикистон соли фишорҳо муаррифӣ кардааст. Дар гузориш аз он изҳори ташвиш шудааст, ки дар соли 2008 ягона каниса дар шаҳри Душанбе бо булдозер тахриб шуд. Аҳли ин каниса ва дигар муасисаҳои динӣ барои тахриби биноҳо ҷуброн нагирифтаанд.

Обама ҳам медонад?

Комиссияи байнулмилалии озодии дини ИМА як ниҳоди мустақили таҳқиқотист, ки ҳарсола дар мавриди вазъи озодиҳои динӣ ва мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳон пажӯҳиш анҷом дода, гузориш омода мекунад, ки ин мавод ҳамроҳ бо тавсияҳо ба раисҷумҳури Амрико, вазири умури хориҷӣ ва Конгресси ин кишвар ироа мешавад.

Ба ин тартиб, он гуна, ки Рашод Ҳусейн, фиристодаи Барак Обама, раисҷумҳури Амрико дар СКИ, дар сӯҳбат бо хабарнигорон низ таъкид кард, кишвараш мавзӯи риояти ҳуқуқу озодиҳои диниву мазҳабӣ дар Тоҷикистонро бо таваҷҷӯҳи амиқ пайгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG