Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби асосии мухолифи давлати Туркия пас аз истеъфои раҳбари он зимни нашр шудани як навори видео аз ҳаёти маҳрамонааш бо ҳарҷу марҷ рӯбарӯ шудааст.

Дениз Байкал, раиси Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳ, нашри аксҳои маҳрамонашро якҷо бо як узви маҷлис ҳамлаи сиёсӣ номид ва гуфт, бо вуҷуди истеъфо қазияро пайгирӣ хоҳад кард.

Аммо истеъфои ӯ дар байни фаъолони ҳизб умедҳоеро ангезиш дод, ки ҳоло барои Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳ марҳилаи ислоҳот ва навсозӣ оғоз хоҳад ёфт. Ояндаи ҳизби умдаи мухолифони Туркия ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки раҳбари нав аз миёни шарикони ӯ интихоб хоҳад шуд ва ё аз намояндагони насли нави аъзои ҳизб.

Анҷумани ҳизб рӯзҳои 22 ва 23 май баргузор хоҳад шуд. Зиддиятҳо дар ҳизб замоне қавитар шуд, ки Камол Қиличдороғлу, ислоҳталаби маҳшур эълон кард, ки барои сарварии ҳизб мубориза хоҳад кард.

Навори видео, ки раҳбари ҳизби умдаи мухолифони Туркияро лучи модарзод ва ҳангоми ҷастухез дар рахтихоб бо котибаи пешинаш нишон медод, на танҳо сабаби истеъфои Дениз Байкал шуд, балки балки ҷӯшу хурӯшеро дар сафҳои Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳ ба амал овард.

Истеъфо баъди 20 соли раҳбарӣ дар ҳизб

Байкали 71-сола зоҳиран ба роҳи сиёсии худ ва сарварии сахтгиронаи 20-солааш ба ҳизбе, ки Камол Отатурк барои ислоҳи ҷомеаи турк бунёд гузошта буд, хотима медиҳад.

Истеъфои ӯ нерӯҳои ислоҳталаби Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳро ба ҷумбиш овард, ки аз ҳоли ҳизби худ норозиянд.

Онҳо, ки ҳизби хешро заъифу хоболуд ва "як созмони гирифтор ба сакароти марг" меноманд, умедворанд, барканории сарвари кӯҳансол роҳеро ба сӯи навсозии ҳизб боз хоҳад кард. Онҳо мегӯянд, бидуни ислоҳоти амиқ ва густарда Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳ ҳаргиз нахоҳад тавонист, бо ҳизби Адолат ва тараққии исломгароёни сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон рақобат кунад.

Вале ғайриинтизор, онҳо бо падидае бо номи "Байкализм" рӯбарӯ шуданд, ки зоҳиран гӯё то ҳоло аз мавҷудияташ касе хабар надошт.

Бадрӣ Байкам, яке аз аъзои ислоҳталаби Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳ мегӯяд, манзур аз ин истилоҳ гурӯҳи муттаҳид ва сарсахти кӯҳансолони ҳизб аст, ки мехоҳанд, ҳизбро ба ҳамон роҳе, ки Байкал мерафт, пеш баранд ва ба ҳеҷ гуна ислоҳот роҳ надиҳанд.

Ӯ мегӯяд: "Ин бештар шабеҳ ба дастаест, ки ҳизбро идора мекунад. Ин ягон идеологияи иқтисодӣ ё сиёсӣ нест. Ин бештар шабеҳи дар қабза нигоҳ доштани ҳизб аст."

Садоқат ба Байкал ва шеваҳои сарварии ӯ ба андозае қавист, ки бархе аз сарони ҳизб роҳҳои дар мақомаш барқарор кардани ӯро меҷӯянд ва гурӯҳе аз ҷавонони ҳизб дар назди хонаи Байкал бо талаби бозгашти ӯ ба курсии аввал гуруснашинӣ эълон кардаанд.

Ҳамчунин интизориҳое дар миён аст, ки Байкал дар анҷумани ҳизбӣ, ки бояд 22 ва 23-юми май баргузор шавад, худ бо дастони хеш раҳбари наверо ба ин курсӣ хоҳад нишонд.

Аммо даъвогари раёсат шудани Камол Қиличдороғлу, яке аз ислоҳталабон ва навоварони ҳизб хашми садорати ҳизбро ангехтааст. Коршиносон имкониятҳои ӯро норӯшан меноманд, зеро вай танҳо дар ҳоле муваффақ буда метавонад, ки пуштибонии Байкалро ба даст орад.

Созмоне фаротар аз ҳизб

Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳ, ба гуфтаи Чингиз Ахтар, устоди донишгоҳ дар Истамбул, ниҳоде фаротар аз ҳизб аст ва худро ҳомии арзишҳои дунявӣ ва миллии дар Туркия шумурда, мухолифи узвияти кишвар дар Иттиҳоди Аврупо ва ҳуқуқҳои бештар ба курдҳост. Он пирӯзии исломгароёни Ҳизби адолат ва тараққии Эрдуғонро як тасодуф мешуморад ва дар фикри интиқом аст. Биноан, дар чунин вазъ ин ҳизб ба ислоҳот омода нест.

Ахтар меафзояд: "Нахуст бояд тарзи тафаккур иваз шавад. Ин ҳизб бо мақомоти ғайриинтихобии кишвар, махсусан ҳарбиён, хеле наздик аст. Биноан, бояд аввал аз як инқилоби фикрӣ гузарад. Аз ин рӯ тағйири онҳо солҳои зиёдеро хоҳад гирифт."

Дар ҳоли худдорӣ аз ислоҳот ва навоварӣ Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳ мумкин аст, умуман аз ҳама гуна пуштибонии мардум маҳрум шавад. Ин ҳам дар ҳоле ки он бо ҳизби ҳоким сари тағйиру иловаҳо ба қонуни асосӣ мухолифати шадид дорад ва қарор аст, пешниҳодҳои тағйири қонуни асосӣ дар назархоҳии умумӣ баррасӣ шаванд. Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳ ба додгоҳи қонуни асосӣ муроҷиат кард ва ба бӯҳрони сиёсие асос гузошт, ки мумкин аст, сабаби интихоботи зудрас шавад.

Солмандону тарафдорони Байкал шояд дар андешаи роҳҳои тақвияти ҳизби худ бошанд, аммо дар кӯтоҳмуддат ва ин давраи ҳассос ҳамоно роҳе ба ҷуз аз "Байкализм" нахоҳанд дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG