Пайвандҳои дастрасӣ

ЮСАИД аз ваксинзанӣ дар Тоҷикистон ҳимоят мекунад


Сафорати Амрико дар як ёддошти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ЮСАИД ё Ожонси Рушди Бйналмиллалии Амрико аз тадобири Тоҷикистон дар мубориза бо бемории фалаҷи кӯдак ё полиомелит ҷонибдорӣ мекунад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои оғози марҳалаи ниҳоӣ ва севвуми ваксинзании кӯдакон сармояе ихтисос додааст. Бино ба маълумоти мавҷуда, то 17-ӯми май дар Тоҷикистон 392 мавриди гирифторӣ ба бемории фалаҷи кӯдак сабти ном шудааст. Соли 2002 Тоҷикистон минтақаи аз полиомелит озод эълон шуда буд. Марҳилаи аввали ваксинзанӣ аз 4 то 8-ӯми май, дуввум аз 18 то 22-юми май давом кард ва марҳилаи севвум аз 1 то 5-ӯми июн идома меёбад. Дар ин муддат 1 миллиону 100 ҳазор кӯдак ваксин мешаванд.
XS
SM
MD
LG