Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Эрон ба пешнависи қатъномаи СММ


Имрӯз Эрон ба интишори пешнависи қатъномаи СММ, ки дирӯз Амрико дар ин созмон муаррефӣ кард, вокуниш нишон дод. Алӣ Акбар Солеҳӣ-раиси Созмони нируи ҳастаии Эрон дар вокуниш ба ин пешнавис дар Теҳрон ба хабарнигорон гуфт:

"Бо содир кардани қатънома ё пеш бурлдани баҳси қатънома худашонро бештар дар назари умумӣ мвавриди беэътиборӣ қарор медиҳанд, ва ман яқин дора, ки афроди оқиле дар байни онҳо ҳаст, ки онҳоро водор кунад, ки эътироз букунанд ба ин ҳаракати ғайриақлонӣ".
Вале Вошингтон мегӯяд, ки пешнависи ин қатънома бо ҳамкории Русияву Чин таҳия шудааст ва ба ҷуз аз ин ду кишвар дар таҳияи он Фаронсаву Британия низ саҳм доранд.
XS
SM
MD
LG