Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷалолобод 2 кас кушта 50 нафар захмӣ шуданд


Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, шумораи кушташудагон ба 2 нафар ва шумораи афроди захмӣ дар шаҳри Ҷалолобод ба 50 нафар расидааст. Раҳпаймоёни қирғиз талош доштанд донишгоҳи "Дӯстии халқҳо"-ро ба тасарруфи худ дароранд. Рисбой Абдраимов-хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ дар Ҷалолобод мегӯяд:

"Тазоҳуркунандагоне, ки дар назди бинои донишгоҳи "Дӯстии халқҳо" ҷамъ шудаанд, ба сӯи нируҳои пулис санг меандозанд. садои тир ҳам шунида мешавад"

Имрӯз тақрибан 5000 нафар қирғизҳо ба сӯи ин донишгоҳ санг мепартофтанд, тирезаҳоро мешикастанд ва талош доштанд ин донишгоҳро ба тасарруфи худ дароранд. Пулис ба ҳаво оташ кушод ва саъй мекард тазоҳуркунандагонро пароканда кунад. Қабл аз зуҳри имрӯз тазоҳуркунандагон раҳпаймоӣ анҷом доданд ва тақозо карданд, ки Қодирҷон Батиров-раҳбари ақалияти узбак боздошт шавад, зеро вай бо дархостҳои худ дар бораи ташкили минтақаи худмухтори узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон хусумати қавмиро дар минтақа бар меангезанд.

XS
SM
MD
LG