Пайвандҳои дастрасӣ

1 кушта ва 17 захмӣ дар раҳпаймоии имрӯзи Ҷалолобод


Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, дар шаҳри Ҷалолобод ҳангоме, ки раҳпаймоёни қирғиз талош доштанд, ба донишгоҳи узбакӣ дар ин шаҳр ҳамла баранд, 1 нафар кушта, 17 нафар маҷруҳ шудаанд. Имрӯз тақрибан 5000 нафар қирғизҳо ба сӯи ин донишгоҳ санг мепартофтанд, тирезаҳоро мешикастанд ва талош доштанд ин донишгоҳро ба тасарруфи худ дароранд. Пулис ба ҳаво оташ кушод ва саъй мекард тазоҳуркунандагонро пароканда кунад. Ҳафтаи гузашта Ҷалолобол саҳнаи даргириҳои дурӯзаи шадиди миёни ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршуда ва ҷонибдорони ҳукумати муваққатӣ буд. Дар ин даргириҳо дастикам 2 нафар кушта, даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Қабл аз зуҳри имрӯз тазоҳуркунандагон раҳпаймоӣ анҷом доданд ва тақозо карданд, ки Қодирҷон Батиров-раҳбари ақалияти узбак боздошт шавад, зеро вай бо дархостҳои худ дар бораи ташкили минтақаи худмухтори узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон хусумати қавмиро дар минтақа бар меангезанд.
XS
SM
MD
LG