Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Cурхҷомагон" таслим шуданд


Раҳбарони ҳаракати “Сурхҷомагон” дар Таиланд аз ҷонибдорони худ хостаанд, ки ба муҳосираи шашҳафтаӣ дар маркази Бангкок хотима диҳанд ва хона ба хона раванд.

Ба думболи ҳалокати чаҳор тан дар задухурдҳои хиёбонӣ рӯзи 19-уми май, панҷ тан аз раҳбарони ҷумбиши зиддиҳукуматӣ дар Таиланд ба ҳукумат таслим шуданд ва аз ҷонибдорони худ даъват карданд, ки пароканда шаванд.

Яке аз раҳбарон бо исми Ҷатупорн Пропан гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз қурбониҳои бештар онҳо тасмим гирифтанд, ки эътирози тӯлонии худро хотима диҳанд. Раҳбари дигари ҷумбиш Натавут Саикуар аз тариқи телевизион ба ҳазорон тазоҳургар муроҷиат кард ва онҳоро ба парокандагии оромона даъват намуд. Ӯ гуфт, таҳзоҳургарон бояд ба ҷойе бираванд, ки мақомот барои берун бурдани онҳо аз пойтахт автобусҳо омода карданд.

Оё ҳамаи сурхҷомагон аз даъват пуштибонӣ мекунанд?

Ҳоло маълум нест, ки оё ҳамаи ҷонибдорони ҷумбиш аз даъвати парокандашавӣ пуштибонӣ мекунанд ё хайр. Хабаргузориҳо менависанд, баъзе раҳбарони ин гурӯҳ ҳанӯзам дар маркази муҳосира ба нируҳои ҳукуматӣ муқовимат мекунанд.

Дар ҳоле, ки раҳбарони ҷумбиш худро ба ҳукуматиҳо таслим кардаанд, хабаргузории Рейтер аз таркиши се норинҷак гузориш дод, ки бар асари он ду аскар ва хабарнигори канадагӣ шадидан захм бардоштанд. Дар задухӯрдҳо баробар бо мардуми мулкӣ ҳамчунин як хабарнигори итолиёвӣ низ кушта шудааст.

Сухангӯи ҳукумати Таиланд Паниатан Ваттанаягорн дар сӯҳбати телевизионӣ аз шикасти бомуваффақияти муҳосира хабар дод. Ӯ гуфт, амалиёт дар ҷараёни рӯз идома хоҳад дошт. Сансерн Каевакамнерд, сухангӯи нируҳои Таиланд, дар суҳбат бо хабарнигорон раҳбарони ҷумбиши "Сурхонҷомагон"- ро террорист эълон кард.

Аммо, гуфта мешавад, тазоҳуроту хушунат дар манотиқи дигари шаҳр идома дорад ва эътирозгарон якчанд биноро бо шумули бозори бурс оташ задаанд. Биноҳои давлатӣ низ ҳадди ақал дар ду вилояти шимолу шарқ дар коми оташ қарор доранд.

Аз соли 2006 то кунун

Тазоҳургарон миёнаҳои моҳи март бо талаби истеъфои нахуствазири Таиланд Абисит Веҷаҷива, пароканда кардани парлумон ва баргузории интихоботи сареъ то Банкок раҳпаймоӣ карданд.

Тазоҳургарон мегӯянд, ҳукумати Абисит, ки қудратро дар Таиланд бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардааст, танҳо аз нухбагони Банкок намояндагӣ мекунад ва ба сарнавишти шаҳрнишинҳои бебизоат таваҷҷӯҳ надорад.

Аксари тазоҳургарон аз ҳукумати нахуствазири пешин Таксин Шинаватра ҷонибдорӣ мекунанд, ки соли 2006 дар пайи як кудатои низомӣ аз қудрат дур карда шуд.
XS
SM
MD
LG