Пайвандҳои дастрасӣ

Синни арӯсӣ дар Тоҷикистон ба 18 бурда шуд


Тибқи тағироти ворида дар "Қонуни Тоҷикистон дар бораи оила" акнун духтарон дар сини 18-солагӣ ба шавҳар мебароянд. Дар ин бора Маҷлиси Намояндагони порламон тағиротеро ба тасвиб расонд. Намояндагони порламон гуфтанд, ҳадафи тағир дар қонун ин будааст, ки духтарон битавонанд ба зиндигии мустақил омода шаванд. Ин тағир ҳамчунин бо назардошти Муқовиланомаи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак ба қонун ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG