Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои Узбакистон дар бораи харобии роҳ асос надорад


Андрей Тропин-муовини раиси хадамоти борбарии роҳи оҳани Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтааст, иддаои Узбакистон дар бораи харобии роҳи оҳан дар қисмати Термез-Амузанг появу асос надорад. Ба иддаои ҷониби Узбакистон, гӯё ин қисмати роҳи оҳан дар қаламрави Узбакистон дар натиҷаи боришоти зиёди борон хароб шудааст. Тропин гуфтааст, ҳоло аз Термез то Мароқанд, яъне то наздикии Самарқанд 629 вагони дорои маводи сӯхт, 102 вагони ҳомили семент, 95 вагони орд, 83 вагон ҳомили гази моеъ, 32 вагони битум ва 129 вагони дорои маводи мухталифи мавриди ниёзи мардум нигоҳ дошта мешавад. Мавориди дуздии маводи ин вагонҳо низ дар қаламрави Узбакистон мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG