Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як осебдидаи селоб дар Кӯлоб даргузашт


Бино ба хабари "Азия-Плюс", дирӯз дар бемористони шаҳри Кӯлоб яке дигар аз осебдидагони селоби ин шаҳр даргузашт. Навраси 14-сола аз шаҳраки хаймаӣ ба бемористон интиқол дода шуд. Пизишкон гуфтаанд, ки вай дар шаби селоб чанд соатро дар даруни оби сард гузарондааст ва дар ҳолати ваҳшатзадаи равонӣ қарор доштааст. Сармои беш аз ҳад ба узвҳои баданаш ва ваҳшат ба ҳолати равониаш таъсири ҷуброннашаванда гузоштааст. Ҳоло дар шаҳраки хаймаии Кӯлоб пизишкони кӯдакон ва равоншиносон ба муоинаи кӯдакон ва осебдидагон машғуланд.
XS
SM
MD
LG