Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

4 раҳбари шӯришӣ дар Таиланд таслим шуданд


Чаҳор нафар аз раҳбарони эътрозҳои зиддиҳукуматии Таиланд имрӯз баъд аз ҳамлаи нируҳои давлатӣ ба пойгоҳашон дар маркази Бангкок ба пулиси ин кишвар таслим шуданд. Сансерн Каевкамнерд-сухангӯи артиш мегӯяд, нируҳои давлатӣ вазъро дар маҷмӯъ зери контрол доранд:
"Дар соати 13:45 дақиқаи вақти маҳаллӣ мо ба эътирозкунандагон фишор овардем ва чунин фишор раҳбарони онҳо- терорристҳоро водор сохт, ки ба раҳпаймоӣ хотима диҳанд ва таслим шаванд".

Аммо гузоришҳо ҳокист, ки нооромиҳо дар қисматҳои дигари пойтахт идома дорад ва тазоҳуркунандагон баъзе биноҳо, аз ҷумла яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои Бангкокро оташ задаанд. Дар нооромиҳои имрӯз дастикам 3 тазоҳуркунанда ва як аккоси италявӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG