Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоӣ дар Ҷалолобод бар зидди раҳбари узбакҳо


Имрӯз дар маркази шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон ҳазорон нафар қирғизҳо раҳпаймоӣ анҷом доданд ва тақозо карданд, ки раҳбари узбакҳои маҳаллӣ боздошт шавад. Ҳафтаи гузашта Ҷалолобол саҳнаи даргириҳои дурӯзаи шадиди миёни ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршуда ва ҷонибдорони ҳукумати муваққатӣ буд. Дар ин даргириҳо дастикам 2 нафар кушта, даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Тазоҳуркунандагони қирғиз тақозо доранд, ки Қодирҷон Батиров-раҳбари ақалияти узбак бо дархостҳои худ дар бораи ташкили минтақаи худмухтори узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон хусумати қавмиро дар минтақа бар меангезанд. Батиров аз ҳукумати муваққатӣ ҷонибдорӣ кардааст. Аммо Ҷалолобод зодгоҳи Боқиев ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG