Пайвандҳои дастрасӣ

Мушовирони Обама дар Покистон музокира мекунанд


Ду нафар аз мушовирони аршади Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар фароянди ҳамлаи нокоми якуми май дар Таймс Сквери Нию Йорк дар Покистон музокира анҷом медиҳанд. Ричард Снелсайер-сухангӯи сафорати Амрико дар Исломобод гуфт, генерал Ҷеймс Ҷонс -мушовири амнияти миллӣ ва Леон Панетта-раиси CIA ё Ожонси марказии иттилоъотии Амрико дар Исломобод бо мақомоти аршади ҳукумативу низомии Покистон мулоқот мекунанд. Дар ин мулоқот "ҳамкориҳои амниятӣ" ва "муколамаи стратегӣ" баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG