Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порлумони Тоҷикистон бо ворид намудани ислоҳот ба Кодекси оилаи Тоҷикистон синни никоҳӣ барои духтаронро як сол афзоиш дод. Акнун духтарон метавонанд танҳо бо расидан ба сини 18 солагӣ издивоҷ кунанд.

Ин баҳс аз муддатҳо қабл дар маҳофили маданӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд дошт ва яке аз омилҳои азҳампошии хонаводаҳо унвон мешуд.

Муаллифони тарҳи ислоҳи Қодекси оилаи Тоҷикистон дар порлумон гуфтааанд, ҳадаф аз ин иқдом, пешгирӣ намудан аз афзоиши ҷудошавии хонаводаҳои ҷавон мебошад. Зеро ба гуфтаи онҳо, як сабаби азҳампошии хонаводаҳо ва мушкилоти хонаводаҳои ҷавон зуд ба шавҳар додани духтарон аст.

Феълан дар Тоҷикистон духтарон ҳақ дорад дар сини 17 солагӣ издивоҷ кунанд.

Аммо аз аввали моҳи январи соли 2011, ислоҳоти Кодекси оила мавриди иҷро қарор мегирад ва синни никоҳи духтарон дар Тоҷикистон ба 18 солагӣ боло бурда хоҳад шуд.

Боло бурдани синни никоҳи духарон дар паёми солонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон низ зикр шуда буд.

Мо дер кардем

Cаодат Амиршоева, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар бораи синни никоҳӣ барои духтарон мегӯяд: « Андешаи ман ин аст, ки мо дар тағйир додани синнусоли никоҳӣ хеле дер ҳам кардем. Бояд аз курсии мактаб дарсҳои оиладорӣ ва муносибату таҳаммулпазириро ба наврасон омӯхт.
Чунки рӯз то рӯз сатҳи бекоршавии никоҳҳо зиёд шуда истодааст. Ин тамоюл бисёр нигаронкунанда аст ва метавонад ба косташавии ахлоқи насли ҷавон, бавижа ҷавондухтарон оварда расонад. Мо ҳатто ҳоло мебинем, ки духтаракони 9-10-сола ба ҷойи дарс дар мактаб, дар бозорҳо машғули коранд, пул талаб мекунанд ва одобашон, мулоим карда гӯем, чандон хуб нест. Симои зани тоҷикро дар ояндаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст…»

Саодат Амришоева, вакили порлумон ҳатто пешниҳод дошт, ки синни никоҳӣ барои духтарон то 22 солагӣ боло бурда шавад.

Мо бояд саросема нашавем


Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хатлон мегӯяд: «Ҷомеа ва низоми омӯзишу парвариши Тоҷикистон ба гунае сохта шудааст, ки ҷавонон, бахусус духтарон шуғли муносибе надоранд ва вобастаи ақида, илм ва омӯзиш нестанд. Ба ғайр аз ин, баъзе духтарҳоеро суроғ дорем, ки аз назари ҷисмӣ дар 15-16-солагӣ омодаи издивоҷ ҳастанд. Набояд маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Зимнан, ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши фасодкорӣ миёни ҷавонон, ба хотири ҳифзи обрӯи хонавода, ҳамоно дар боло бурдани синни никоҳӣ аз 17 ба 18-солагӣ набояд осемасар шуд…»

Интизор меравад, ислоҳи ин қонун низ мисли чанд қонуни дигари қабулнамудаи порлумони Тоҷикистон мавриди баҳсу эътирози ҷомеа қарор бигирад.

Синни никоҳӣ ва мактаби 12 сола - баҳонае барои тағйири Қонуни асосӣ

Аммо синни никоҳӣ дар Тоҷикистон меъёри Қонуни асосӣ ё конститутсиноист. Ва барои тағйир додани ин меъёр бояд раъйпурсии ислоҳот ба Қонуни асосӣ доир шавад.

Аз ин нигоҳ бархе таҳлилгарон мегӯянд, ин иқдом ва ҳамчунин 12 сола кардани таҳсилоти миёна, ки низ меъёри Қонуни асосӣ мебошад, баҳонаест барои омода кардани пешзамина ҷиҳати ислоҳоти Қонуни асосӣ.

Ва эҳтимолан то поёни соли равон, Тоҷикистон як ислоҳоти дигари Қонуни асосиро озмоиш хоҳад кард. Ин ислоҳот ба назари коршиносон, асосан ба манзури қонунӣ кардани хостаҳои муҳимтари доираҳои сиёсӣ ва тасмимгирандаи Тоҷикистон доир хоҳад шуд. Аммо баҳонаи он ҳамчунон мардум, синни никоҳӣ ва 12 сола кардани таҳсилот хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG