Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдулло Раҷабов: Ман дар сиёсат пухта набудам


Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди саршиноси замони Шӯравӣ аст. Аммо баъди суқутии Шӯравӣ як давраи сукути ҳунарии Убайдулло Раҷаб низ ба миён омад. Чаро?

Аввали солҳои 2000- ум раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумат таъин шуд. Гуфта мешавад, ки ин таъинот боиси сукути ӯ дар саҳна шуд.

Сабабҳои камрангии Убайдулло Раҷабов дар саҳна, зуд ворид шудани ӯ ба сиёсат ва рафтанаш аз ин майдон, оё дубора ӯ ба саҳна хоҳад баргашт … Ин ва чанд суоли дигарро дар гуфтугӯ аз ӯ пурсидем.

Убайдулло Раҷаб: Ман аз касбам то ҳоло даст накашидам. Ва ноумед ҳам нестам. Вале воқеан муддати чанд сол аст, болои саҳна нестам. Ман дар ягон вақт бекор набудам, нестам ва намешавам. Вале имконият ва вақти болои саҳна баромадан надорам. Ба навиштани сенарияи барномаҳои сатҳи давлатӣ, «Истиқлолият», «Ваҳдати миллӣ» ва «Наврӯз» ва ғайра машғул ҳастам. Медонед, ки дар барномаҳо чӣ қадар мардум иштирок мекунад ва кор бо онҳо осон нест. Вале беҳтар мебуд ки ба ман суол медодед ки тӯли ин муддат ки болои саҳна набудед, ки Шуморо суроғ кард?

Аввалин нафаре ки маро суроғ кард, Шумо будед. Яъне журналистон, радиои Озодӣ маро суроғ кард. Агар дигарон маро суроғ мекарданд ва мепурсиданд ки чаро болои саҳна нестӣ, Шояд ман дигарбора масъулият ҳис мекардам. Дубора зинда мешудам. Албата ҳоло ҳам намурдаам, вале зиндатар аз ҳоло… Аз Шумо садҳо мартиб минатдорам……

"ҲУНАРМАНД БУДАМ, ҲАСТАМ ВА МЕМОНАМ"

- Шояд имрӯз рӯи саҳна бароед ва дубора аз мухлисону мардум нерӯ гиред?

Убайдулло Раҷабов: Он чизе, ки Шумо мегӯед, ҳазорон маротиб ба ман нерӯ мебахшад. Худи ҳамин сӯҳбате, ки ҳоло бо Шумо дорам, аллакай эҳсос мекунам, ки ҳоло ҳам барои мардум, бинанда писандам. Албата дар саҳна. Ин суолҳо нигоҳи маро дигар кард.

Албатта ман метавонам боз болои саҳна бароям. Ва мавод ҳам омода аст. Маводи бадеӣ. Вале дастам танг аст. Шояд дар пеши ман масъулият гузоранд, ман ҳатман иҷро кунам. Шояд чанд сол пеш шогирдона нақш иҷро мекардам, ҳоло пухтатар ва беҳтар болои саҳна барояд. Тарзи гуфтор, сухан дигар хел бошад. Ман ҳунарманди саҳна будам, ҳастам ва мемонам.

- Шумо дар замони Шӯравӣ, ки хеле як сиёсати контролӣ ва аз лиҳози иҷтимоӣ мусбат дошт, мавзӯҳои сиёсиро моҳирона ба саҳна мекашидед. Масалан, дар як намоишнома мегуфтед, «биографияааш, калиграфия ва фотографияааш нағз, аммо географияааш намешавад…». Чаро имрӯз ин дард, ки ҷомеаро печондааст ба намоиш намеояд? .

Убайдулло Раҷаб: Инро гуфта будам ва имрӯз ҳам метавонам бигӯям. Ин зуҳурот ҳоло ҳам дар ҷумҳурии мо аст. Ин дарди вазнин аст ва рафъи он мушкил мебошад. Вале барои болои саҳна баромадани ман имкониятҳои зиёд даркор. Шӯравӣ бо он ҳама низому механизмҳояш барои мо имконот ва шароитро фароҳам меовард.

ГЕОГРАФИЯИ УБАЙДУЛЛО РАҶАБ

- Вале мегӯянд, ки Шуморо бо ҳамин сиёсати ҷуғрофӣ як вақт дар сиёсат ворид карданд ва баъдан хориҷ?

Убайдулло Раҷаб: Шояд, шояд то андозае…. Роҳбарӣ нигоҳ, паҳлӯ ва масъулияти дигар аст. Вақте ба соҳаи идеоложӣ ворид мешавед, нигоҳ ва масъулият дигар мешавад. Хешу табор ва дӯстон аз ту дур мешаванд. Ва боз ҳам хешу табор ва дӯстони дигар наздик мешаванд. Дӯстоне пайдо мешаванд, ки қаблан бароят ношинос буданд, аммо худашонро дӯст ва хеш мегиранд.

Вақте ман раиси Кумита будам, сиёсатро дуруст намедонистам. Дар сиёсат пӯхта набудам. Аз бисёр чизҳо маҳрум шудам.

Убайдуллои Раҷаб ҳам мисли ҳама аз камбудӣ эмин нест. Хоҳем нахоҳем камбудие дорем. Бо он ҳама маҳорату бебокиҳои болои саҳна, ман дар сиёсат пӯхта набудам. Бояд, ки хеле кам роҳбарӣ мекардам.

Ман ба раисии Кумита розӣ нашуда будам. Ҳамин хел маслиҳат ҳам шуда буд, то омадани нафари дигар ман бояд раис мешудам. Ҳамин хел шуд. Шумо медонед ки ҷуғрофёи ман куҷоӣ аст. Аммо ҳеҷ вақт ба касбам хиёнат накардаам.

Дар вақти раиси Кумитаи телевизион ва радио будан ба таҳияи филмҳо ва намоишномаҳои театрӣ машғул будам. Ҳатто, бисёриҳо мегуфтанд, ки раиси Кумитааш мондаанд, «минбар»ро худаш суистифода мекунад. Аммо ман мегуфтам, ки ман ҳамчун ҳунарманд бояд, фикри худамро ба мардум гӯям. Ман аз мардум, бинанда дур набудам ва нестам.

"МАРДУМ ВОҲИМА МЕКУНАД"

- Матале аст, ки агар шахсро шинохтан хоҳӣ мақомаш деҳ. Мегӯянд, ки ба Убайдулло Раҷаб вазифа доданд, шахсияташ маълум шуд. Ҳатто бо мардум салому алейк намекард.


Убайдулло Раҷаб: Ин воҳима аст. Мардуми мо ҳамин одатро дорад. Ин мардум он рафторе, ки дар саҳна доред, мехоҳад ҳамонро дар зиндагии воқеӣ бинад. Охир ин хел намешавад.

Ман ҳамеша бо мардум салому алейк доштам. Вале, дар байни мардум набудам. Кори ман дохили кабинет, бо телефон, ҷаласа, назорати барномаҳои телевизионӣ ва ташвишҳои роҳбарӣ буд.

"ҲАНӮЗ ҲАМ БЕҲТАРИН АРТИСТОНИ МО ДЕПУТАТҲОЯМОН ҲАСТАНД"

- Он вақтҳо мегуфтед, ки беҳтарин «актрисаҳо» вакилон ҳастанд. Имрӯз чӣ нигоҳатон тағийр кардааст ?

Убайдулло Раҷаб: Ман ин ҳарфҳоро гуфта будам ва ҳоло ҳам гуфта метавонам. Яъне ин сиёсатмадорон ва вакилон «ватандӯстон» дар назди камера чӣ чизҳое намегӯянд. Вале вақте аз назди камера дур мешаванд, тамоман ақидаҳояшон дигар мешавад. Ва дар рафтору кирдор аз гуфтаашон сад дарсад даст мекашанд.

Азбаски мо як ҳодисаи нангини таърихиро аз сар гузаронидаем ва вазъ хеле ҳасос буд. Ман фикр мекардам ки мабодо ин тазодҳоро ба шеваи танз ба саҳна кашам, шояд боиси ташаннуҷ гардад. Ман таҳаммул мекунам.

Чун нафароне буданд, ки ба ҳар як ҳарфи ман бовар доштанд. Ва онҳое дигарбора мехоҳанд маро ба моҷарое ворид созанд, аз ин ба манфиати худашон истифода кунанд. Вале фаромӯш кардем, ки вақтро аз даст додем.

"МО ВАҚТРО БОХТЕМ"

- Ояндаи наздик ба бинанда ва мухлисони деринтизор саҳнаеро бо ҳамон симои Убайдулло Раҷаб пешниҳод кардани ҳастед?

Убайдулло Раҷаб:
Ҷавобаш душвор аст. Ин суоли Шуморо ҳар рӯз мардум дар сӯҳбату дидорҳо ба ман медиҳанд. Болои саҳна баромадани ман душвориҳои худро дорад.

Он вақт замони шӯрави буд, имкониятҳо дигар ва беҳтар буданд. Театр соҳиб дошт, маблағ дошт. Имрӯз ҳатто нигоҳҳо дигар шуданд. Воқеан гуфтем вазъ ҳасос аст, тағйир ёбад дубора идома медиҳем. Вале як чизро ба инобат нагирифтем, ки фурсат меравад. Яъне вақтро аз даст додем. Он ҷасурӣ ва бебокие ки дар ҷавони доштем ҳоло такрор намешавад.

Имрӯз барои як саҳнаи хуб омода кардан коргардони хуб ҳам даркор аст. Имрӯз завқи бинанда ҳам паст аст.
XS
SM
MD
LG