Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе пойтахти фарҳанги исломӣ


Бо қарори ИСЕСКО ё Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф, Душанбе, пойтахти Тоҷикистон маркази фарҳанги исломӣ дар соли 2010 эълон шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, зимни ҷаласае ба ин муносибат гуфт: «Қарори Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) дар бораи эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ далели эътирофи он аст, ки Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатии худ дар ҳифз ва ғанӣ гардонидани мероси динӣ ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ саҳми арзанда гузоштааст».

Феълан дар шаҳри Душанбе Шўрои уламои Тоҷикистон, як муассисаи олии таълимии исломӣ бо номи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва гимназияи назди он, инчунин Маркази исломшиносииназди раёсати ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Ва инчунин 18 масҷиди ҷомеъ ва 40 масҷиди панҷвақта низ амал мекуад.

"Душанбе метавонад бори ин рисолатро бикашад"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин изҳори итминон кард, ки пойтахти Душанбе рисолати масъулиятноки худро дар сатҳи баланд идома дода, яъне пойтахти фанҳанги исломӣ анҷом хоҳад дод.

Бо фармони президенти Тоҷикистон Дабири кулли Созмони Конфронси Исломӣ Акмалиддин Эҳсонуғлӣ ва Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон Ат-твайҷирӣ, ки дар гирифтани ипн тасмимс нақш доданд, бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд.

Сафари вазирони умури хориҷӣ ва намояндагони кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи нишасти 37-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмонип кофронси иломӣ доир шудааст.

Ин ин нишаст то рӯзи 20 –уми май идома хоҳад кард.

Пойтахти исломӣ бо вуҷуди Қонуни дини баҳсбарангез

Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар соли гузашта Қонуни нави дини худро, ки мавриди баҳсу норизоятии фаровоне шуд, қабул кард.

Ин қонун дар дохили кишвар мавҷи мухолифати диндорон ва маҳофили сиёсиро ба вуҷуд овард.

Аз сӯи дигар, бархе созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои ғарбӣ нукоте аз ин қонунро маҳдудкунандаи ҳуқуқи диндорон унвон карданд ва ҳамчунон аз давлат тақозо доранд, ки ба он ислоҳот ворид кунад.

Қонуни мазкур дар ташкили масоҷид, созмонҳои динӣ ва ҳатто замону макони ҳатто гузоштани намоз, маҳдудиятҳое пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG