Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурби евро боз ҳам пойин рафт


Қурби евро дар баробари доллар боз ҳам пойин рафт. Дар бозори Ню-Йорк ахиран қурби як евро ба як доллару 22 сент баробар шуд, ки пойинтарин дар чаҳор соли ахир маҳсуб мешавад. Коҳиши қурби евро баъд аз он идома ёфт, ки дирӯз Олмон ба хотири эътидоли бозор бархе амалиётҳои молиявиро манъ кард.
Пойинравии қурби пули ягонаи 16 кишвари аврупоӣ баъди сар задани бӯҳрони шадиди молиявӣ дар Юнон, яке аз кишварҳои “минтақаи евро”, шурӯъ шуд.
XS
SM
MD
LG