Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши нави ихроҷи мухолифин аз маркази Бангкок


Ба маркази шаҳри Бангкок, ки қароргоҳи ҷонибдорони мухолифин ҷойгир аст, шаби гузашта нерӯҳои иловагии артиш интиқол дода шуданд. Бар пояи иттилоъи расида, аз ин қароргоҳ садои тирандозӣ ба гӯш мерасад. Қаблан мақомоти Таиланд ба ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ ҳушдор дода буданд, ки онҳоро аз маркази шаҳр берун хоҳанд кард. Гуфтушунид миёни ҳукумат ва ҷонидорони сарвазири пешин Таксин Шиноват бидуни натиҷа поён ёфт.
Шурӯъ аз рӯзи панҷшанбе бар асари бархурди нерӯҳои амниятӣ бо эътирозгарон тақрибан 40 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 250 нафар ҷароҳат бардоштаанд. “Сурхпироҳанҳо”-и ҷонибдори Шиноват аз авоили моҳи апрел ба ин сӯ истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумониро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG