Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Дорфур се нафар боздошт шуданд


Дар вилояти Дорфури Судон се корманди як созмони хайрияи байнулмилалӣ рабуда шуданд. Ба иттилоъи намояндаи дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Хартум, ду нафар аз рабудашудагон – сокинони маҳаллиянд ва саввумӣ - шаҳрванди хориҷист. Дар бораи шаҳрванди кадом кишвар будани ӯ иттилоъ дода нашудааст. Ҳарсе кормандони созмони хайрия аз сӯи гурӯҳи мусаллаҳи ношинос дар канори шаҳри Няла рабуда шудаанд.
Моҳи апрел дар Дорфур чаҳор низомӣ аз Африқои ҷанубӣ аз ҳайати нерӯҳои посдори сулҳи Иттиҳодияи Африқо рабуда шуда буданд. Баъд аз чанд муддат одамрабоён онҳоро раҳо карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG