Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи сарнавиштсоз барои евро


Ба назар мерасад, ки бӯҳрони молии кунунӣ пули воҳиди Аврупо, евроро дар марҳилаи сарнавиштсоз қарор додааст. Ё пули муштараки 16 кишвар эътимоди ба тадриҷ аз байн меравад ва ё баъди ислоҳоти зербиноии низоми молии кишварҳои узви минтақаи евро, ҳамчун пули мустаҳками байналмилалӣ, пойгоҳи қавитаре касб мекунад.

Аз рӯзе, ки евро ба муомилот ворид шудааст, нигаронӣ дар мавриди эътимод ба ин пули мушатараки аврупоӣ ҷо дошт. Феълан евро дар 16 кишвари аврупоӣ дар гардиш аст, ки иқтисодҳои нерӯманде ба монанди Олмону Фаронса ва ё кишвари дар вартаи бӯҳрон фурӯ рафтаи Юнонро дар бар мегирад.

Нооромиҳои ахири иқтисодҳои баъзе кишварҳои аврупоӣ ба вижа қарзи бузурги Юнон, пойдевори пули муштараки аврупоиро ларзонда, зарурати ҳамоиши бештари иқтисодҳои нерӯмандтарин ва заифтарини минтақаи гардиши евроро ба миён овардааст.
Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул ризоят доданд, ки дар марҳилаи аввал барои танзими низоми молии Юнон ба ин кишвар то 18 миллиард доллар қарз медиҳанд.

Ду созмони ёдшуда наздик ба 1 триллион долларро барои раҳоии эҳтимолии дигар кишварҳои минтақаи евро аз вартаи бӯҳрони молӣ омода кардаанд.

Вале вазъи бозорҳои авроқи гаронбаҳо аз он шаҳдоат медиҳад, ки сармоягузорон дар гӯшаҳои мухталифи олам аз ҳаводиси ахири Юнон шадидан нигарон ҳастанду муфлисии Юнонро аз эҳтимол дур намедонанд. Бар илова ташвиш зиёд аст, ки ба ҳамин зудиҳо Испанияву Португалия ба Юнон ҳамроҳ хоҳанд шуд.

Рӯзи 17-уми май дар Брусел раиси минтақаи евро Жан Клод Юнкар ба иқдомҳом ахири Испанияву Португалия баҳои баланд дод: "Мо чораҳои аз ҷониби ҳукуматҳои Испания ва Португалия андешида шударо қадрдонӣ мекунем. Ин чораҳо аз он шаҳодат медиҳанд6 ки ду кишвар пеш аз вуқӯи ҳар гуна ҳодисаи номатлуб баҳри тақҳкими низоми пулиашон талош меварзанд ва барномаҳое ҳам тартиб додаанд."

"ЕВРО ПУЛИ ҚОБИЛИ ЭЪТИМОД"

Дар ҳамин ҳол баъзе раҳбарони кишварҳои минтақаи евро талаб кардаанд, назорати сиёсатҳои пулии кишварҳои минтақа ва буҷҷетҳои онҳо, ки феълан аз тарафи ҳукуматҳову парламентҳои миллӣ назорат мешавад, мутамарказ гардад.

Дар ин робита кантслери Олмон хонум Ангела Меркел мегӯяд: "Вазъ ба танзим ниёз дорад. Ин ягона тахмини имконпазир аст, зеро иқтисодҳои кишварҳои минтақа ба қадри кофӣ мухталиф аст".

Меркел ёдовар шуд, ки дар давоми солҳои зиёд идораи омори Юнон ниҳодҳои аврупоиро фиреб додааст ва акнун ниҳодҳои омори Иттиҳодияи Аврупоӣ бояд имкони назорати мустақими вазъи ин кишварро дар ихтиёр дошта бошанд.

Рӯзномаи британиявии "Файненшел Таймс" навиштааст, ки Олмон мехоҳад ҳамаи кишварҳои минтақаи евро қонуни буҷҷети Олмонро ҳамчун намуна қабул кунанд.

Бар пояи Конститутсияи Олмон касри буҷҷети ин кишвар набояд аз 0,35 дар сади тавлиди нохолиси миллӣ бештар бошад.

КАМАРБАНД БОЯД ЯКСОН НАБОШАД

Вале комиссари монетарии Иттиҳодияи Аврупо Олӣ Рен мегӯяд, аз ҳад зиёд ва яксон бастани камари кишварҳо метавонад боиси рукуди саросарӣ гардад: "Муҳим аст, ки таҳкими сиёсати пулӣ барои ҳамаи кишварҳо яксон набошад, зеро маҳдуд намудани тарзи муҳосибот дар шакли воҳид ва барои тамоми минтақаи евро хатари овардани зиён ба рушди феълии ин кишварҳоро ба миён меорад".

Шореҳон бар ин ақидаанд, ки аксари кишварҳои аврупоӣ пешниҳоди Олмонро таҳдид ба истиқлоли кишварҳояшон талаққӣ намуда, аз қабули он саркашӣ мекунанд.

Хулласи калом, рӯйдодҳои ахири Аврупо боиси он шудаанд, ки евро дар муқобили доллари Амрико ба қадри назаррас беқурб гардад.

Аммо иқтисоддонҳо ин рӯйдодро ҳам ҳодисаи мусбат меноманд, зеро акнун маҳсулоти аврупоӣ имкони бештари рақобат бо моли кишварҳои дигарро касб мекунад.

Чунончӣ вазири тиҷорати Чин Яо Ҷиян мегӯяд, дар тӯли чанд моҳи ахир қурби юан дар муқобили евро 14, 5 дар сад боло рафта, ба содироти аврупоии Чин таъсири манфӣ гузоштааст.
XS
SM
MD
LG