Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: Қатъномаи зидди Эрон таҳия шудааст


Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки Амрико, Русия ва Чин дар мавриди "пешнависи қотеи" қатъномаи СММ бар зидди Эрон ба тавофуқ расидаанд. Хонум Клинтон гуфт, пешнависи ин қатънома дар ҳамкорӣ бо Русияву Чин таҳия шудааст ва он шоми имрӯз дар Шӯрои Амнияти СММ мунташир хоҳад шуд. Вазири хориҷаи Амрико ин нуктаро дар ҳоле эълон кардааст, ки як рӯзи пеш Эрон бо миёнҷигарии Туркияву Бразилия розӣ шуд, ки 1200 кило урани камтар ғанишудаи худро барои ҳифзу муроқибат ба Туркия мефиристад ва дар иваз 120 кило сӯхти холиси ҳастаӣ дарёфт мекунад. Аҳмет Довутуғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия имрӯз аз кишварҳои абарқудрати ғарб хост, ки бо таҳдиди таҳримҳои нав мувофиқатномаи сӯхти ҳастаии Эронро дар хатар нагзоранд.
XS
SM
MD
LG