Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба унвони раиси даврии Cозмони конфронси исломӣ нақши ин созмон дар таъмини амниятро камранг унвон кард. Мавзӯъи аслии нишасти вузарои хориҷии СКИ таъмини амният дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон аст.

СОЗМОНИ ЗАИФ, ВАЛЕ БО ПОТЕНСИАЛИ ҚАВӢ

Ба делели имконоти фаровони нерӯи инсонӣ, дар ихтиёр доштани бештар аз ҳафтод дар сади захираҳои энержии дунё, вале камрангии нақшаш дар ҳалли мунозеъаҳои ҷаҳонӣ, коршиносон СКИ-ро созмоне заиф, вале бо потесиали қавӣ унвон мекунанд.

Ба гуфтаи Абдулло Раҳнамо, таҳлилгари тоҷик, далели заифии ин созмон вуҷуди ихтилофҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ дар дохили кишварҳои исломист, ки абарқудратҳо ва созмонҳои бонуфузи дигар аз он ба хубӣ истифода мекунанд. Ва ба ин далел аст, ки ҳалли масоили амниятӣ ба ин созмон даст намедиҳад.

Ба гуфтаи Фаррух Умаров, коршиноси дигари тоҷик, маҳз вуҷуди мушкилоти таъмини амният аст, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ низ миёни ин кишварҳо муваффақ намешавад.

МУҲИМТАРИН ЧОЛИШИ ҶАҲОНИ ИСЛОМ

Муҳаммад Маҳмуд Бен Лабат, сафири даслти малӣ дар СКИ ба ҳамин назар аст. Ӯ дар суҳбате ба Озодӣ гуфт, ки сулҳ ва амният муҳимтарин чолиш барои ҷомеаҳои исломӣ аст.

Муҳаммад маҳмуд Бен Лабат мегӯяд: «Сулҳу амният бидуни тарҳрезӣ ва тасвиби як барномаи стратегии муштарак ба даст намеояд. Ва иҷрои ин барномаи стратегӣ дар сурате мумкин мешавад, ки миёни кишварҳои исломӣ ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ бошад».

Одил Ахмедов, узви порлумони Қазоқистон низ ба ҳамин назар аст. Ба гуфтаи ӯ, вуҷуди ихтилофи назар миёни кишварҳои исломӣ мушкили аслии ин созмон аст.

Ҷаноби Ахмедов афзуд: «Дар СКИ дар ҷараёнҳои мухталиф вуҷуд дорад. Ба ин далел, ки ҳар як кишвар дар бахше ниёзманди кишвари дигар аст. Вале мо набояд ба равобити бархе кишварҳои арабӣ ва Ғарб дахолат кунем. Аммо аз он ҷо, ки ҳадафи ин созмон таъмини амният аст, набояд суханони раҳбарони кишварҳои узви ин созмон аз амалашон фарқ кунад».

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе коршиносон кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ дар ҳалли қазияи Ховари Миёна, Ироқ ва Афғонистон назар ва мавқеъи яксон надоранд. Ва бархе аз кишварҳои узви ин созмон ба қутбҳои мухталифи сиёсӣ назар мекунанд.

Аз ҷумла, дар масоили мубрами ҷаҳонӣ Арабистони Саудӣ ва Қатар ба Амрико ва Эрон ба Русияву Чин рӯ меоранд. Ва Миср ба Ғарб ишора мекунад.

ИҶЛОСИ ДУШАНБЕ - ОМОДАГӢ БА НИШАСТИ САРОН

Ҳадаф аз ҳамоиши вузарои умури хориҷии СКИ дар Душанбе омодасозии муқадамоти нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон аст.

Ин дар ҳолест, ки СКИ бо тавони молӣ ва захираҳои фаровоне, ки аз лиҳози табиӣ ва нерӯи инсонӣ дорад, метавонад як созмони бонуфузи ҷаҳонӣ бошад.

Дар қаламрави ин созмон беш аз 2 миллаиард аҳолии курраи Замин ба сар мебарад. Кишварҳои узви ин созмон 75 дарсади захираи нафту гази дунёро дар ихтиёр доранд.

Президенти Тоҷикистон исломситезиро маҳкум кард

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG