Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маблағи саҳмияҳои Роғун ба сандуқҳои бонкӣ меравад


Бино ба хабари Авеста, вазорати молияи Тоҷикистон омода аст пулҳои изофии ба даст омада аз фурӯши саҳмияҳои ниругоҳи барқи обии Роғунро то 1-ӯми январи соли 2011 дар бонкҳои тиҷоратӣ ва давлатӣ нигаҳдорӣ кунад. Ин маблағ то 19-ӯми апрели соли ҷорӣ 79 миллион долларро ташкил додааст. Вазорати молияи Тоҷикистон эълон кардааст, ки ҳамаи бонкҳои ин кишвар метавонанд барои боз кардани ҳисобҳои депозитии бонкӣ дар озмун ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG