Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти сафорати Амрико роҷеъ ба қазияи додгоҳии ДТИК


Бино ба хабари сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ин сафорат қазияи Суди олии иқтисодиро дар бораи бозхонди лисензияи мактаби олии хусусӣ, Донишкадаи технологияи инновасионӣ ва коммуникасионӣ (ДТИК)-ро бо таваҷҷӯҳ пайгирӣ мекунад. Сафорати ИМА хоҳони он аст, ки қазияи ДТИК пурра ва аз рӯи адолат мавриди муҳокима қарор гирад ва ходимони сафорат рафти баррасии шикояти ДТИК-ро дар Суди олии иқтисодӣ мушоҳида мекунанд. Сафорати ИМА умедвор аст, ки заминаи қабули ин ё он қарори судӣ ба пуррагӣ шарҳ дода шавад. Бастани ин донишкада барои ҷавонон имконияти гирифтани маълумоти олиро дар Тоҷикистон маҳдуд месозад. Имконияти ҷавонон барои донишомӯзӣ аз омӯзгорони гуногун ва муҳокимаи ақоиди мухталиф барои пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. Бо сабабҳои номаълум баста шудани ин донишкадаи хусусӣ ба фазои инвестисионӣ таъсири манфӣ мерасонад ва дигаронро аз маблағгузории минбаъдаи соҳаи маорифи Тоҷикистон дилсард мекунад.
XS
SM
MD
LG