Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти имрӯзи Бишкек истирдоди Боқиевро мехоҳад


Дар Қирғизистон хешовандони ононе, ки дар ҳодисаҳои 7-ӯми апрел дар Бишкек кушта шуданд, аз ҳукуматҳои Русияву Қазоқистон ва Амрико дархост кардаанд, ки Қурмонбек Боқиевро аз Беларус ба Қирғизистон баргардонанд. Даҳҳо нафар эътирозкунандагон имрӯз дар назди сафоратхонаҳои Русияву Қазоқистон ва Амрико дар Бишкек гирдиҳам омаданд ва барои баргардонидани Боқиев аз онҳо кӯмак хостанд. Боқиев 7-ӯми апрел ҳангоме, ки ҳазорон нафар дар Бишкек бар зидди ҳукумат ба эътроз баромаданд ва бо нируҳои амниятии Боқиев вориди даргирӣ шуданд, по ба фирор ниҳод. Дар миёнаи моҳи апрел раҳбарони ин кишварҳо барои фиристодани Боқиев ба Беларус дар музокирот миёнҷигарӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG