Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия хостааст Ғарб аз таҳрими зидди Эрон даст кашад


Аҳмет Довутуғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия имрӯз аз кишварҳои абарқудрати ғарб хост, ки бо таҳдиди таҳримҳои нав мувофиқатномаи сӯхти ҳастаии Эронро дар хатар нагзоранд. Эрону Туркия як рӯзи пеш ба тавофуқ расиданд, ки 1200 кило урани камтар ғанишудаи Эрон дар Туркия нигаҳдорӣ шавад ва дар ивази он Эрон 120 кило сӯхти холиси ҳастаӣ бигирад. Ин тавофуқ бо Эрон бо миёнҷигарии Туркия ва Бразилия ба даст омад ва онҳо низ дар мувофиқатнома имзо гузоштаанд. Дар ин мувофиқатнома дархостҳои байналмиллалӣ роҷеъ ба муттаваққиф сохтани ғанисозии урани Эрон чизе гуфта нашудааст. Кишварҳои ғарбӣ бо шубҳа ба ин мувофиқатнома менигаранд ва Амрико гуфтааст, ки талошҳои худро дар мавриди ҷорӣ кардани таҳримҳои зидди Эрон аз даст намегузорад. Довутуғлу гуфтааст, ки ба ин мувофиқатнома набояд бо назари шубҳа нигарист.
XS
SM
MD
LG