Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори телевизиони Русия тир хӯрд


Марк Минин-хабарнигори телевизиони Русия, ки барои барномаҳои интиқодиаш шинохта шуда буд, дар шаҳри Томски Сибир тир хӯрдааст. Шахси номаълуми савори мошин дар ҳоли ҳаракат ба сӯи вай тир кушодааст. Марк Минин 44 сол дорад ва бо ҷароҳати тир ба бемористон интиқол дода шудааст. Вазъи вай собит аст. Виктор Кресс-волии вилояти Томск ин ҳамларо "шармандагӣ" хондааст ва гуфтаааст, ки вай шахсан ба ин ҳамла расидагӣ хоҳад кард. Ириада-хонуми Минин ба сомонаи зидди Кремлии kasparov.ru гуфтааст, ки ин ҳамла ба фаъолияти кории вай иртибот дорад. Дар аввали соли ҷорӣ пулиси вилоятӣ бидуни сабабе як хабарнигори дигарро боздошт ва сахт лату кӯб карда буд. Ду ҳафта баъд аз ин ҳодиса хабарнигор аз захмҳои бардошта ҷон дод.
XS
SM
MD
LG