Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби референдум барои эътимод ба Отунбоева


Созмонҳои шаҳрвандии Қирғизистон масъалаи ба референдум даровардани раъйи эътимод ба раиси ҳукумати муваққатӣ Роза Отунбоеваро баррасӣ карданд.

«Ҳукумати муваққат худро қонунӣ кунад!»

Кумитаи назорати шаҳрвандии Қирғизистон гуфтаааст, ин иқдом фаъолияти Роза Отунбоеваро ба ҳайси раиси ҳукумати муваққатӣ қонунӣ хоҳад кард ва дар Қирғизистон субот барқарор хоҳад шуд. Ин ниҳоди иҷтимоии қирғиз ҳамзамон тасмим гирифтааст, ки муддати баргузории интихоботҳоро барои моҳҳои наздик пешниҳод кунад, то дар Қирғизистон ниҳодҳои ҳукуматиро мардум ва ҷомеаи байналмилалӣ эътироф кунад.

Аммо як иқдоми ҳукумати муваққатӣ, ки ба ифшои гуфтугӯи телефонии Усен Сиддиқов, собиқ раиси дастгоҳи президенти барканоршуда, бо як гурӯҳ ҳамтоёни ӯ бастагӣ дорад, эътилофи «Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ»-ро норозӣ кардааст. Ин эътилоф ҳукумати муваққатиро дар риоя накардани ҳуқуқи инсон муттаҳам намудааст.

Ба гуфтаи Динора Ашурохунова, раиси ин созмони ҷамъиятӣ, гӯш кардани гуфтугӯи телефонӣ хилофи меъёрҳо ва қавоиди ҳуқуқи инсон аст. Ба таъкиди Динора Ашурохунова, ҳукумати муваққатӣ талош мекунад, ки дар симои Усен Сиддиқов душмани халқро ба мардуми қирғиз нишон диҳад, вале ин иқдом вазъиятро беҳбуд нахоҳад бахшид. Раиси эътилофи «Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мӯътақид аст, ки гӯш кардани гуфтугӯи телефонии дигарон вокунишҳои манфии одамонро эҷод хоҳад кард.

Мавҷи саввуми тазоҳурот?


Дар ҳамин ҳол, Азимбек Бекназаров, ноиби раиси ҳукумати муваққатӣ, рӯзи сешанбе, тайи як нишасти хабарӣ гуфт, мухолифони онҳо мавҷи тазоҳуротҳои сеюмро дар ҷануби кишвараш таъсис доданианд. Ба гуфтаи оқои Бекназаров, ин гурӯҳҳо бо истифода аз барангехтани низоъҳои байниқавмӣ мехоҳанд ба аҳдофи худ бирасанд.

Дар ҳамин ҳол, аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Шаҳидони Ватан», ки аз тарафи пайвандони қурбониёни 7-уми апрел созмон ёфтааст, 18-уми май дар хиёбонҳои шаҳри Бишкек раҳпаймоӣ карданд. Онҳо шиорҳои «Боқиев бояд дар назди мардум ҷавоб диҳад!», «Боқиевро ба мардуми қирғиз супоред!» ва «Президентони Русия, Қазоқистон ва Амрико бояд дар мавриди истирдоди Боқиев аз Белорус кумак расонанд»-ро ба миён партофтанд.

Мувофақаи се президент?

Арстонбек Соғинбоев, раиси ин иттиҳодия, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, маҳз бо мувофиқаи президентони Русия, Амрико ва Қазоқистон Боқиев ҳоло дар Белорус паноҳ ёфтааст. Ба гуфтаи Арстанбек Соғинбоев, онҳо талаб карданд, ки се президент истирдоди Боқиевро аз Белорус ба Қирғизистон таъмин кунанд.

Аммо баста боқӣ мондани марзҳои Қирғизистон бо Қазоқистон ва Ӯзбакистон ташвишҳои мардуми оддӣ ва тоҷирони зиёдро афзудааст. Ин дар ҳолест, ки Булат Қирғизбоев, раиси хадамоти марзбонии Қазоқистон, гуфтааст, то ба эътидол омадани авзоъ Қазоқистон марзҳояш бо Қирғизистонро боз нахоҳад кард. Вай гуфт, аммо Қазоқистон як низоми вижаи убури марз барои нақлиёти тронзитӣ аз Қазоқистон ба Қирғизистонро баррасӣ мекунад.

Тибқи хабарҳои расида, дар ҳамин ҳол Ӯзбакистон нерӯҳояш дар марз бо Қирғизистонро таҳким бахшидааст. Ин иттилоро хадамоти марзбонии Қирғизистон тасдиқ кард. Гуфта мешавад, дар самти муқобил чанд васоити низомӣ пайдо шуданд ва марзбонони ин кишвар тавассути зиреҳпӯш баъзе минтақаҳои марзиро таҳти назорати сахт гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG