Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса қотили Шоҳпур Бахтиёрро озод мекунад


Имрӯз додгоҳи Фаронса дастур дод, як марди эрониро, ки барои куштори нахуствазири муҳоҷири Эрон муттаҳам дониста мешавад, аз зиндон раҳо кунанд. Ин тасмим баъд аз ду рӯзи озодии як ёвари машқдиҳандаи фаронсавӣ содир шуд. Алӣ Вакил Род барои куштори Шоҳпур Бахтиёр-ахирин нахуствазири давраи шоҳии Эрон дар ҳаволии шаҳри Порис дар соли 1991 муттаҳам дониста мешавад ва ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Шоҳпур Бахтиёр соли 1979 баъд аз инқилоби исломӣ аз Эрон фирор кард. Гуфта мешавад, ки гӯё миёни Порис ва Теҳрон дар бораи озодии ёвари машқдиҳандаи фаронсавӣ ва Алӣ Вакил Род задубанди пинҳонӣ ба даст омадааст. Вале ҳам Порис ва ҳам Теҳрон чунин задубандро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG