Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кобул 6 сарбози НАТО ва 12 афғон кушта шуданд


Нируҳои НАТО мегӯянд, имрӯз дар натиҷаи инфиҷори як мошини бамгузоришуда дар Кобул дастикам 6 сарбози онҳо ва 12 нафар аз сокинони Кобул кушта шудаанд. Мошини бамгузоришуда дар ҳоле мунфаҷир шудааст, ки корвони мошинҳои нируҳои НАТО аз назди бинои порламон ва биноҳои дигари ҳукуматӣ мегузашт. Вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд, бисёри онҳое, ки кушта шудаанд, дар дохили автобуси пуродам мерафтаанд. Дар ин ҳодиса 47 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Забиҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон гуфтааст, масъулияти ин ҳамларо Толибон бар ӯҳда мегиранд ва дар ин ҳодиса 750 кило моддаи мунфаҷира дар мошин кор гузошта шуда будааст.
XS
SM
MD
LG