Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳраки хаймаии Кӯлоб як кӯдак даргузашт


Бино ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", дар шаҳри Кӯлоб як кӯдаки 1 солаву 3-моҳа дар шаҳраки хаймаии варзишгоҳ даргузаштааст. Дар ин шаҳраки хаймаӣ сокинони осебдидаи селоби фоҷеабор ба сар мебаранд. Пизишкон ба модари кӯдак пешниҳод кардаанд, ки бо кӯдакаш дар бемористон бистарӣ шавад, вале модар гуфтааст, ки дар он сурат ҷой барои хонаҳоро тақсим мекунанд ва вай аз гирифтани ҷой бенасиб мемонад. Дар ҳамин ҳол, намояндагии созмони амрикоии "Наҷоти кӯдакон" дар мактаби шумораи 7-и Кӯлоб барои истироҳати 200 кӯдаки хонаводаҳои осебдида шароит фароҳам кардааст.
XS
SM
MD
LG