Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши мошини бомбгузоришида ба ҳини ҳамла ба корвони низомиёни НАТО дар Кобул ҳадди ақал 19 нафарро кушта ва беш аз 50 тани дигарро маҷрӯҳ кард.

Пулиси Кобул гуфтааст, таркиш дар ғарби пойтахти Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Баъзе манобеъи ғайрирасмӣ гуфтаанд, миёни кушташудагон панҷ шаҳварнди хориҷӣ низ ҳастанд, аммо маълум нест, ки онҳо низомиянд ё на.

Сарфи назар аз ташдиди чораҳои амниятӣ дар Кобул ин шаҳр дар чанд моҳи ахир ба чанд ҳамла мувоҷеҳ гашт.

Дар ҳамлаи имрӯза, гуфта мешавад, ронандаи террорист бо мошини ҳомили маводи тарканда ба корвони мошинҳои НАТО худро задааст. Ҳамла субҳи барвақт дар маҳалле бо номи Доруламон рух додааст.

Шоҳидони ҳол гуфтаанд, миёни кушташудагон занҳову духтарон низ будаанд, ки ба сӯи донишгоҳ раҳсипор будаанд.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG