Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 нишонзани рӯйдодҳои Қирғизистон боздошт шудаанд


Азимбек Бекназаров-муовини раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфтааст, ки то ҳол ба нируҳои интизомӣ муяссар шудааст, ки 10 нишонзан ё снайперро боздошт кунанд. Дар ин бора хабаргузории 24.кг иттилоъ додааст. Бино ба хабарҳо, ин нишонзанҳо 7-ӯми апрел дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ дар Бишкек аз боми хонаҳо тазоҳуркунандагонро ба нишон гирифтаанд ва ҳадафи тир қарор додаанд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҳодисаҳои Қирғизистон дар маҷмӯъ 87 нафар кушта шудаанд. Бекназаров гуфтааст, миллияти нишонзанҳо мухталиф аст, вале барои халал ворид нашудан ба ҷарёни бозрасӣ аз бурдани ном ва миллияти онҳо худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG