Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷоре дар Кобул 3 кушта бар ҷой гузошт


Имрӯз дар натиҷаи инфиҷори як мошини бамгузоришуда дар Кобул дастикам 3 нафар кушта шудааст. Бамгузори интиҳорӣ талош доштааст ба корвони мошинҳои НАТО ҳамла барад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ононе, ки кушта шудаанд, шаҳрвандони маъмулии Афғонистон будаанд. Дар ин ҳамла ҳамчунин беш аз 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Инфиҷор дар наздикии биноҳои ҳукуматӣ рух додааст. Сухангӯи нируҳои НАТО гуфтааст, ки расидагӣ ба ин ҳодиса идома дорад.
XS
SM
MD
LG