Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҳамоиши муҳимми исломӣ дар Душанбе


Иҷлосияи 37 – уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ кори худро субҳи имрўз, 18-уми май, дар Кохи Сомони бўстонсарои ҳукуматӣ оғоз намуд. Барои аввалин бор Душанбе мизбони чунин як ҳамоиши муҳимми ҷаҳони ислом мебошад.

Мақомоти расмӣ хабар медиҳанд, ки дар ин ҳамоиш ҳайатҳои расмӣ аз ҳамаи 57 давлати узви СКИ, шумораи зиёди намояндагон аз кишварҳои нозир, созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ва дар маҷмӯъ, намояндагон аз тақрибан 100 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Ҳамоиш бо маросими «Пойтахти фарҳанги исломӣ» эълон шудани шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Қабл аз оғози кори ҳамоиш, бегоҳи дирӯз ва субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони як қатор ҳайатҳо, аз ҷумла, Сурия, Миср, ИМА, Албания, Покистон, Мароккаш дидор кард.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон ат-Твайҷирӣ, дабири кулли Созмони конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсонуғлӣ, раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳида дар СКИ Рашод Ҳусайнӣ ва дигарон иштирок хоҳанд дошт.

ҲАМЧУНИН БИХОНЕД: НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЗМОНИ КОНФРОНСИ ИСЛОМӢ
XS
SM
MD
LG