Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маллоҳони рус дар Камерун рабуда шуданд


Сафорати Русия дар Камерун талош дорад то сабабҳои ҳамла ба як киштӣ дар бандари Дуалаи ин кишварро рӯшан кунад. Маллоҳони киштӣ шаҳрвандони Русия ва Украина мебошанд. Иттиҳодияи касабаи маллоҳони Русия хабар дод, ки ҳамла рӯзи 16 май сурат гирифтааст. Афроди мусаллаҳи ношинос маллоҳонро ғорат карда, капитани киштӣ Борис Терсинсев ва механики калон Игор Шумикро бо худ бурдаанд. Макони будубоши гаравгонҳо маълум нест, одамрабоён ҳанӯз ягон талаб ба миён нагузоштаанд.
XS
SM
MD
LG