Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокунишҳо ба созиши ҳастаии Эрон


Русия аз созиши табодули сӯхти ҳастаии Эрон истиқбол кард. Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев инро як пешрафт хонд, вале ба зарурати гуфтушунидҳои бештар таъкид намуд. Вокуниши Олмон ба ризоияти Эрон дар табодули уран бо сӯхти ҳастаӣ низ хештандорона аст. Дар ҳамин ҳол, президенти Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпуй имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Мадрид гуфт, Иттиҳоди Аврупо ҳамоно аз барномаи ҳастаии Эрон ҷиддан нигарон аст. Вай афзуд, Эрон бояд ҷомеаи ҷаҳониро дар мавриди аҳодфаш аз барномаи ҳастаӣ тазмин диҳад. Ромпуй афзуд, Иттиҳоди Аврупо ба идомаи уфтушунид бо Эрон омодааст.
Фармондеҳи олии Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО, амирулбаҳри амрикоӣ Ҷеймс Ставридис созиши таболуи сӯхтро, ки Эрон бо миёнҷигарии сарони Бразилия ва Туркия пазируфт, як таҳаввули ба таври мумкин хуб унвон кард. Эрон гуфтааст, 1 500 килограм урани кам ғанигардонишударо ба Туркия интиқол медиҳад ва дар иваз барои реактори пажӯҳишии Теҳрон маводи сӯхт мегирад. Ин қарордод, ки дар гуфтушуниди раисиҷумҳури Бразилия Луис Инасио Лула да Силва, сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва президенти Эрон Маҳмуди Аҳмаднажод ба даст омад.
XS
SM
MD
LG