Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил ба Ноам Чомский раводиди сафар надод


Мақомоти Исроил ба забоншинос, файласуф ва публитсисти саршиноси амрикоӣ Ноам Чомский иҷозаи вуруд ба мамлакатро надоданд. Чомскийи 82-сола барои тадрис ба донишгоҳи фаластинии Бирзейт дар каронаи бохтарии рӯи Урдун сафар кардааст. Намояндаи ҳукумати Исроил гуфтааст, сабабҳои радди раводиди сафар барои Чомский, ки мехоҳад аз Урдун ба қаламравҳои фаластинӣ ворид шавад, маълум нест, вале мушкил ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Худи Чомский сабабҳои радро сиёсаӣ мешуморад. Ноам Чомский бо ақидаҳои чапгароёнаи тунд ва танқидҳои шадиди Исроил шӯҳрат дорад.
XS
SM
MD
LG