Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми ҳабси раҳбари коммунистҳои Қирғизистон


Додгоҳи Бишкек имрӯз раҳбари Ҳизби коммунисти Қирғизистон, Исҳоқ Масолиевро барои даст доштанаш дар беназмиҳои ахири Ӯш, Бодканд ва Ҷалолобод ба ду моҳи ҳабс маҳкум кард. Масолиев рӯзи ҷумъа якҷо бо Усен Сиддиқов, собиқ мушовири давлатии президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев боздошт шуда буд. Ин боздошт зимни забти сӯҳбати телефонии онҳо барои ҳамоҳангсозии ошӯбҳо дар ҷануби кишвар ба вуқӯъ пайваст. Дар ҳамин ҳол раиси собиқи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Оксана Малеванная аз маҳбас ба манзилаш интиқол дода шуд ва то поёни таҳқиқ дар ҳабси хонагӣ ба сар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG