Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси коргарони нерӯгоҳ бо ширкати эронӣ


Бист нафар аз собиқ коргарони нерӯгоҳи хурди барқи обии Санги кар дар ноҳияи Рашт талаби пардохти музди маошашонро доранд.

Коргарон аз «Роҳи корвон» норозиянд

Онҳо мегӯянд, тибқи қарордоде, ки бо ширкати эронии «Роҳи Корвон» дар ин нерӯгоҳ доштанд, тақрибан 40.000 сомонии ҳаққи кори онҳоро ин ширкат пардохт накардааст.

Ин афрод гуфтанд, ба хотири гирифтани маоши худ дар як соли пеш ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат карда буданд, ки идораи ширкати эронии «Роҳи корвон»дар ҳамин ноҳия ҷой гирифтааст.

Абдуқодир Ҳомидов, яке аз ин 20 нафар мебошад, ки мегӯяд, як худи ӯ 400 долари ҳақмуздашро то ба имрӯз нагирифтааст. Исмоил ном ронанда,ки бо Камази хусусиаш дар ин нерӯгоҳ кор кардааст, мегӯяд, тибқи қарордод ӯ ва чанд ронандаи дигар аз рӯи ҳаҷми кори анҷомдодаашон бояд маош мегирифтанд, аммо, ба гуфтаи ӯ, ҳар як ронанда вобаста ба коре, ки кардааст аз 1000 то 1800 сомонӣ ҳаққи корашро нагирифтааст.

«Роҳи корвон» аз «Барқи тоҷик» норозист

Фариддун Торе, намояндаи ширкати «Роҳи Корвон», ин ҳама иддаҳоро рад намуд. Вай гуфт, ҳама асноди лозимаро дар даст дорад, ки ширкати «Роҳи Корвон» тамоми ӯҳдадориҳояшро ба ҳангоми фаъолияти худ дар ин нерӯгоҳ дар назди коргарон ба иҷро расонидааст.

Фариддун Торе мегӯяд, тибқи як қарордоде, ки миёни ширкати «Роҳи корвон» ва маркази лоиҳаҳои бунёди нерҳгоҳҳои хурд, ки ниҳоди зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» аст, баста шуда буд, бояд ин ширкати эронӣ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон дар соли 2008 ҳашт нерӯгоҳ месохт, ки 80 дарсади маболиғи он аз сӯи Бонки исломӣ ва 20 дарсади дигар аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон сармоягузорӣ мешуд.

Ва аммо, Фариддун Торе мегӯяд, «Барқи тоҷик» пас аз як соли фаъолият шартномаи ҳамкориро ба онҳо қатъ кард.

«Маҳмадуллои Салим» кор карда истодааст

Ин дар ҳолест, ки бо беш аз як соли таваққуф корҳои сохтмон дигарбора дар ин нерӯгоҳ шурӯъ шудаанд. Ин дафъа дар он на ширкатҳои хориҷӣ, балки як ширкати ватанӣ бо номи «Маҳмадуллои Салим» фаъолият мебарад.

Ба гуфтаи муҳандисони ин тарҳ, иқтидори тавлидотии ин нерӯгоҳ 1000 киловатт дар соат будааст, ки бо бунёди он сокинони Навобод, мактаб-парваришгоҳ, диспансери минтақавии амрози рӯҳӣ, беморхона ва макотибу омӯзишгоҳи ин шаҳрак дар тамоми фасли сол бо барқ таъмин мешудаанд.
XS
SM
MD
LG