Пайвандҳои дастрасӣ

Дидорҳои Раҳмон бо намояндагони кишварҳои исломӣ


Вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар Созмони конфаронси исломӣ ва сарони созмону ниҳодҳои марбутаи ин иттиҳод барои ширкат дар ҷаласаи шӯрои он дар Душанбе ҷамъ омаданд. Дар арафаи ҷаласа раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо Дабири кулли Созмони конфаронси исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу, раиси Бонки исломии рушд, Аҳмад Муҳаммад Алӣ, вазир рушди иқтисодии Миср, Усмон Муҳаммад Усмон ва вазири умури берунаи Имороти Муттаҳида Араб Шайх Абдулло бин Зоид Ал-Наҳаён мулоқот кард. Дар ин гуфтугӯҳо масъалаҳои рушд ва таҳкими фаъолияти Созмони конфаронси исломӣ, ҷалби сармоягузории аъзои иттиҳод ва Бонки исломии рушд ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Раиси Бонки исломии рушд гуфтааст, бо таваҷҷӯҳ ба имкони сармоягузорӣ дар бунёни нерӯгоҳи барқи обии Роғун бонк коршиносони худро ба Тоҷикистон хоҳад фиристод. Бонки исломии рушд дар чанд соли охир ба Тоҷикистон наздик ба 190 миллион доллар вомҳои боимтиёз ва кӯмакҳо додааст.
XS
SM
MD
LG