Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел нисфи шаҳрро беоб гузошт


Сел дар маҳаллаи Гулободи Хоруғ чаҳор манзилро қисман хароб карда, ба иттилоъи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ Мансур Гуламадшоев, наздик ба се гектар боғи сокинони маҳалро хароб кард.

Бар асари сел, ҳамчунин, ду адад воситаи нақлиётӣ ва 12 сар чорво нобуд гардид. Мансур Гуламадшоев гуфт, сел 500 метр ҷуйбори калонеро, ки нисфи мардуми шаҳр аз оби он истифода мекунанд, канда, қубурҳои нави ҳавзи танзими оби ошомиданиро низ хароб кард.

Дар натиҷа нисфи сокинони шаҳр бе оби ошомиданӣ монданд. Тоҳир Паҳлавонов, сардори идораи обу корези шаҳр гуфт, бар асари боришоти зиёд дастгоҳҳои обкашӣ зери об мондаанд ва интиқоли об пас аз ду рӯз бо иҷрои корҳои барқарорсозии дастгоҳҳои обкашӣ аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Мӯъмин Имомназаров, яке аз зарардидагон аз сел, соати 9-и шаб сокинони маҳалла садоро шунида, берун давиданд. Вай гуфт, аз сел хабар ёфта, аввал бачаҳоро ба ҷойи бехатар бурдаанд.

Сокинони маҳал масъулини идораи оби вилоятро муттаҳам мекунанд, ки бо айби онҳо ҳаҷми зарари расонда аз сел зиётар шудааст. Сокини маҳал Қарачабек Қарачабеков мегӯяд, аз лаҳзаҳои аввали рахна шудани ҷуйбори калон аз сел сокинон барои бастани оби он бо идораи оби вилоят дар тамос шуданд, то нозирони об маҷрои онро банданд. Аммо чун масъулинро пайдо накардаанд, худашон ба масофаи чандин километр ба сароб рафта, маҷрои обро бастаанд.

Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон аз сел ва обхезиҳои нав дар минтақа ҳушдор медиҳад. Ба гуфтаи мутахассисони ситод, дар сурати якбора гармшавии ҳаво эҳтимоли дамидани оби қариб 50 рудҳои кӯҳӣ мавҷуд аст, ки ба мазилҳои истиқоматӣ ва замину боғот таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG