Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳодҳои тағйири маромномаи НАТО


Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО бояд ҷангро дар Афғонистон барад, равобиташ бо Русияро густариш диҳад, ба таҳдид мушакии Эрон омода бошад ва амнияти 28 узви худро тазмин кунад. Ин нукотест, ки гурӯҳи 12-нафараи коршиносон таҳти сарварии собиқ вазири умури хориҷии Амрико, Маделейн Олбрайт дар роҳи ислоҳи паймон пешниҳод кардааст. Дабири кулли НАТО, Андерс Фоғ Расмуссен гуфт, ин тавсияҳо нишондиҳандаи мушкилоти асосии имрӯзаи паймонанд ва бояд ҳалли худро ёбанд. Охирин бор назарияи паймони НАТО дар соли 1999 зимни нақши он дар Боснӣ ва Косово тағйир карда буд.
XS
SM
MD
LG