Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ҷӯёи пуштибонии байнулмилалии созиши ҳастаӣ шуд


Хабаргузории давлатии ИРНА-и Эрон мегӯяд, интиқоли уран як моҳ пас аз пуштибонии байнулмилалӣ аз ин созиш шурӯъ хоҳад шуд. Ва Туркия ӯҳдадор хоҳад буд, ки дар ҳоли таъхрири яксолаи интиқоли сӯхт ба Эрон уранро бозгардонад. Эрон бо миёнҷигарии сарони Бразилия ва Туркия ба табодули сӯхти ҳастаӣ ризоият дод. Эрон мегӯяд, 1 500 килограм урани кам ғанигардонишударо ба Туркия интиқол медиҳад ва дар иваз барои реактори пажӯҳишии Теҳрон маводи сӯхт мегирад. Ҷузъиёти бештари ин қарордод, ки дар гуфтушуниди раисиҷумҳури Бразилия Луис Инасио Лула да Силва, сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва президенти Эрон Маҳмуди Аҳмаднажод ба даст омад, ҳанӯз маълум нест. Вазири умури хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, тафсилоти ин созиш ба шакли хаттӣ пешниҳод хоҳад шуд.Созиши Эрон дар ҳоле ҳосил шудааст, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба эълони таҳримҳои нави зидди Теҳрон омодагӣ мегирифт. Вазири умури берунаи Туркия Аҳмад Довудоғлу пас аз мулоқоти сеҷониба дар Теҳрон ба хабарнигорон гуфт, дигар ба таҳримҳои нав ниёзе намондааст.
XS
SM
MD
LG