Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии ноҳияи Вахш тафтиши парвандаи ҷиноии Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов, узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ба итмом расонида, барои баррасӣ равонаи додгоҳи маҳаллӣ кард.

Узви ҲНИТ дар интихобот тақаллуб кард?

Ҷаноби Содиқов, муфаттиши ин парванда аз додситонии ноҳияи Вахш, гуфт, Муҳамадрўзӣ Бурҳонов бар асоси ду банди кодекси ҷиноятӣ, яъне - монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқи раъйдиҳӣ ва фаъолияти комиссияи интихоботӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ ё ҳисоби нодурусти овоз - муттаҳам дониста мешавад.

Додситонӣ меафзояд, Муҳамадрўзӣ Бурҳонов 28-уми феврал, дар рўзи интихоботи парлумонии кишвар, узви қитъаи раъйдиҳии рақами 22-и ноҳияи Вахш буда, бо ҳадафи пирўзии номзади ҳизбаш дар ин қитъа баргаҳои раъйро ба ҷойи интихобкунандаҳо ғайриқонунӣ пур карда, вориди сандуқи раъй сохтааст.

Ба иддаои додситонӣ, Бурҳонов ҳамчунин ба кори комиссияи интихоботӣ мудохила кардааст, ки дар ниҳоят номзади Ҳизби наҳзати исломӣ бар рақибони худ аз Ҳизби халқии демократӣ дастболо шуда ва вакили маҷлиси ноҳиявӣ интихоб гардидааст.

13 варақаи раъй

Абдураҳмон Тўраев, вакили мудофеи ҳуқуқи Бурҳонов, дар сўҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояташ сар аз 26-уми март дар маҳкамаи муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад, ҳарчанд айбномаи алайҳи ў эълоншуда ба он ҳад ҷиддӣ нест, ки Бурҳонов ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад. Ҷаноби Тӯраев мегӯяд, нафари зерҳимояташ маризи сил аст ва бояд ба зудтарин фурсат раҳо шавад, то муолиҷа бигирад ва низ дигар маҳбусонро сироят накунад.

Ҷаноби Тўраев мегӯяд, иддаои қаблии додситонӣ дар бораи барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ аз ҷониби Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов собит нашуд. Ба гуфтаи ў, нафари таҳти ҳимояташ худро бегуноҳ шумурда, танҳо
қисман иқрор шудааст, ки чанд баргаи раъйро бо дасти худаш пур кардааст. Ӯ мегӯяд, аз 13 адад баргаи раъй, ки додситонӣ ба ташхис фиристодааст, экспертиза муайян кардааст, ки нафари муттаҳам гўё 7 бюллетенро хат задааст. Аммо худи Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов мегўяд, ки танҳо 4 адад бюллетенро аз номи худаш, модараш, ҳамсараш ва духтараш, ки дар рўзи интихобот бемор будаанд, хат зада, овоз додааст. Танҳо дар хат задании ҳамин чаҳор бюллетен вай худро қисман гунаҳкор медонад…

Барои «Аллоҳу акбар» ба маҳбас?

Қаландар Садурдинзода, раиси созмони Ҳизби наҳзат дар вилояти Хатлон, мегўяд, мавқеъи ҳизб дар робита ба қазияи Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов тағйир наёфта, ҳамоно раёсати ин ҳизб бар он иддаост, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Вахш бар асоси асноди тақаллубӣ боз шудааст.

Раиси ҲНИТ дар Хатлон мегӯяд, ин парванда як кинаҷўии махсус ба хотири нидои шодӣ бароврадани ҷаноби Бурҳонов ба ҳини ғалабаи номзади ҳизб мебошад. Ба иддаои масъулини Ҳизби наҳзат, мақомоти ҳукумат ва додситонӣ мехоҳанд, ба василаи ифтитоҳи ин парванда номзади ғолиби интихобот аз ҳизби мазкурро барои даст кашидан аз мандати вакилӣ водор кунанд.

Назари коршинос

Коршиноси масоили сиёсӣ Ҷамолиддин Сайфиддинов:

«Танҳо бо як ҷурме ки гўё Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов ба ҷойи дигар одамон ё аҳли оилааш дар интихобот овоз додаст, фикр мекунам, сабаби аслии кушода шудани парванда алайҳи вай нест. Ин далели ҷиддӣ нест, шояд, ки ифтитоҳи ин парванда мақсадҳои ниҳонӣ ҳам дошта бошад. Зеро тибқи мушоҳидаҳо, дар интихоботҳои Тоҷикистон гапи нав нест, ки мавридҳои ба ҷойи тамоми оила овоз додани як нафар зиёданд. Дар рустоҳо бештари вақт занону духтарон ба пойи сандуқҳои раъй намераванд ва ба ҷойи онҳо шавҳаронашон ё падаронашон овоз медиҳанд ва ин ҳама батадриҷ дар шароити Тоҷикистон кори маъмулӣ шудааст…»

Сарнавишти сесоларо дар 10 рӯз ҳал хоҳанд кард

Ҳамин тариқ, қарор аст дар 10 рўзи оянда додгоҳи ноҳияи Вахш ба баррасии парвандаи Муҳаммадрўзӣ Бурҳонов бипардозад.

Додситонӣ мегўяд, дар сурати собит шудани айби Бурҳонов дар додгоҳ, ўро ҷазои ҳадди аксар 3 соли маҳрумият аз озодӣ ва ҳадди ақал пардохти ҷаримаи баробар ба 17,5 ҳазор сомонӣ, муодили қариб 4 ҳазор доллари амрикоӣ интизор хоҳад буд.

Ин хама дар ҳолест, ки Созмони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ахиран Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқу манофеъи аъзои ин ҳизбро ташкил додааст.

Қаландар Садурдинзода, раиси созмони хатлонии Ҳизби наҳзат, дар ин иртибот мегўяд, ҳадафи аслӣ аз таъсиси кумитаи мазкур ин аст, ки дар ин авохир, бавижа пас аз баргузории интихоботи парлумонӣ аъзои фаъоли ин ҳизб мустақим ва ғайримустақим аз сўйи мақомот ва афроди алоҳида мавриди таъқиби қонунӣ ва ғайриқонунӣ қарор мегиранд.

Коршиносон мегўянд, бо вуҷуди афзоиши мавориди боздошту таъқиби аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби мазкур ҳамоно дар бархурд бо ҳукумат аз эҳтиёт кор мегирад.

Бо ин ҳама, пас аз баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон танҳо дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ду узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки яке узви қитъаи раъйдиҳӣ ва дигаре номзад ба вакилии мардумӣ буд, мавриди таъқиби мақомоти қудратӣ қарор гирифтаанд. Дар натиҷа яке номзадии худро фаро хонда, дуввумӣ феълан дар боздоштгоҳи муваққат ба сар мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG